Русия "Азия-Плюс"-ро ба рӯйхати сомонаҳои мамнуъ ворид кард
     TJ RU EN
12:21 / 2024-11-16

Русия "Азия-Плюс"-ро ба рӯйхати сомонаҳои мамнуъ ворид кард

"Роскомнадзор" – хадамоти нозири арсаи мухобирот дар Русия –дастрасӣ ба сомонаи Оҷонси иттилоотии "Азия-Плюс"-ро дар қаламрави ин кишвар масдуд кардааст.

Мақомоти Русия далели чунин иқдоми худро расонаӣ накардаанд. Вале масъулони хабаргузорӣ мегӯянд, ба эҳтимоли зиёд Русия аз нашри хабари худкушии як зан дар Хуҷанд нигарон шуда, онҳоро ба таблиғи "ончи дар ҳудуди Русия манъ аст", муттаҳам кардааст.

Зебо Тоҷибоева, сардабири "Азия-Плюс" рӯзи 2-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, сомонаи оҷонсӣ аз рӯзи 26-уми июл боз дар ҳудуди Русия дастнорас аст. "Сабаби ин ҳолатро тафтиш кардем. Тасодуфан дар имейли яке аз ҳамкорон номаи "Роскомнадзор"-ро ҳам пайдо намудем, ки дар он ба як хабар аз соли 2018 ишора шудааст", -- гуфт ӯ

Сардабири “Азия-Плюс” афзуд, ин хабар дар бораи худкушии як зан дар Хуҷанд буд, ки худро ба дарё партофта, худкушӣ кардааст. Тоҷибоева мегӯяд, "Роскомнадзор" дар ин хабар "усулҳои худкушӣ"-ро дида, онҳоро дар тарғиби худкушӣ айбдор кардааст. Ҳарчанд, ба қавли ӯ, "ин як хабари одӣ буд, ки дар он гуфта мешуд як зан худро ба дарё партофта, худкушӣ кардааст".

"Ин як ҳушдор буд ва мо билофосила ин хабарро ҳазф кардем, вале аллакай дастрасӣ ба сомонаи мо масдуд шуда буд. Ба мо фурсат надоданд. Ҳоло тахмин мекунем, ки дастрасӣ ба вебсайт бо ҳамин сабаб баста шудааст. Мумкин аст, сабаби дигаре ҳам дошта бошад", -- афзуд Зебо Тоҷибоева.

Ба чанде аз хонандагони оҷонсии иттилоотӣ дар Русия аз ширкатҳои интернетрасон гуфтаанд, ки бо дастури "Роскомнадзор" дастрасӣ ба ин сомона маҳдуд шудааст.

“Роскомнадзор” низ дар номааш ба “Азия-Плюс” ба моддаи 15-и қонуни федералӣ “Дар бораи иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот” ишора карда ва гуфтааст, сомонаи “Азия-Плюс” ба феҳрасти вебсайтҳои мамнӯъ ворид мешавад. Ба иддаои ҷониби Русия, хабаргузорӣ маълумотеро нашр кардааст, ки “паҳн кардани он дар қаламрави Русия мумкин нест”.

Масъулони оҷонси иттилоотии “Азия-Плюс” мегӯянд, аз қалмарави Русия мухотабони зиёде доранд ва нисфе аз хонандагони сомона аз ин кишвар ворид мешаванд. Сардабири “Азия-Плюс” мегӯяд, бинобар маҳдуд шудани дастрасӣ ба сомона шумори хонандагон ҳудуди 30 дарсад коҳиш ёфт.

Айни замон масъулони “Азия-Плюс” барои дубора боз кардани дастрасӣ ба сомона ба унвонии “Роскомнадзор” муроҷиат фиристодаанд, ки қарор аст дар давоми панҷ рӯзи корӣ баррасӣ шавад.

Оҷонси иттилотӣ ва ҳафтаномаи “Азия-Плюс” дар ҳоли ҳозир аз расонаҳои пештози Тоҷикистон аст, ки дар миёни расонаҳои мустақил мухотаби бештар дорад. Дастрасӣ ба сомонаи ин оҷонсӣ дар Русия дар ҳоле маҳдуд шудааст, ки дар худи Тоҷикистон низ корбарон бе филтиршикан ба ин сомона ворид шуда наметавонанд. Мақомот сабаби масдуд будани дастрасӣ ба сомонаи “Азия-Плюс”-ро шарҳ намедиҳанд.

https://www.ozodi.org/a/30087834.html


Тақвим

<< < Декабрь 2018 > >>
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30
31            
 
Пайвандҳои лозима